Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Кумита

Конфронси илмӣ-амалӣ

17 майи соли 2024 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини ҳаёти осоиштаи аҳолӣ, мероси миллӣ ва ҳудуди кишвар аз офатҳои табиӣ” баргузор шуд.

Вазъ дар кишвар шабонарӯзи гузашта

Боронҳои шабонарӯзи гузашта дар кишвар сабабгор омадани селҳо дар баъзе манотиқ шуд. Ин селҳо хушбахтона, талафоти ҷониву хисороти зиёд надоштанд.

Чунончӣ, 15 майи соли 2024 бар асари боронҳои пуршиддат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат аз теппаҳо сел омад. Ин селҳо ба сойи байни деҳаҳо, 12 иншооти ёрирасон, саддҳои ҳимоявӣ роҳҳои мошингарди маҳаллӣ

КҲФ: Хатари офатҳои табиӣ то 22-уми май боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

офатҳои табиӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 17 то 22 майи соли 2024 дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон хатари омадани селҳо, резиши сангу ярч боқӣ мемонад.

18 майи соли 2024 дар баъзе ноҳияҳи тобеъи ҷумҳурӣ: шаҳри

Боз як наврас, ки мехост дар ин ҳавои боронӣ чукрӣ чинад, ба ҳалокат расид

15 майи соли  2024 наздик ба соати 19 як сокини 13-солаи деҳаи Сорбоғи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо мақсади ҷамъоварии чукри ба кӯҳе рафт, ки дар наздикии деҳаи онҳо ҷойгир буд.

Бар асари борони пуршиддат замин лағжонак шуда буд. Ин писарибача ҳангоми чукричинӣ лағжид ва ба дарёи Кофарниҳон сарозер шуда, ғарқ гардид. 

Селҳои рӯзи гузашта дар қаламрави кишвар

Соли 2024 соати 19:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба асари боронҳои пуршиддат аз теппаҳои гирду атрофи деҳаи Дороби ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод сел омад. Дар натиҷа лойю лойоба ва сангу рег роҳи мошингарди деҳаро баст. Барои анҷоми корҳои рафъи ҳолати ба миёномада техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия ҷалб шуд ва соати 20:26 дақиқа роҳ пурра аз селовардаҳо тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта

Страницы