Селҳои ду рӯзи гузашта. Се нафар ҷони худро аз даст доданд
Чоп шуд: 06/05/2024 | redaktorҲамчуноне Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, рӯзҳои 4 -5-уми майи соли равон дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари боронҳои шадид омадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо эҳтимол дорад.