Мавҷи ҳафтуми коронавирус дар Эрон. Аз 34 ҷонбохта дар як шабонарӯз гузориш мерасад

Вазорати беҳдошти Эрон охирин омори мубталоён ба коронавирус дар ин кишварро интишор дод, ки 57 шаҳр дар вазъияти сурх қарор доранд. Ин вазорат ҳамчунин гуфт, ки аз рӯи теъдоди гирифторон ба вируси корона, 86 шаҳр дар вазъияти  норинҷӣ,  199 шаҳр дар вазъияти зард, 106 шаҳр дар вазъияти обӣ қарор доранд.

Тағйироти афзоиши чашмгири сироятшудагони нав ба КОВИД-19 дар Эрон нишон аз вуруди мавҷи ҳафтум коронавирус...

Обилаи маймун: Оё метавон онро таҳдиди нави вирус номид?

Ҳафтаи сипаришуда Подшоҳии Британияи Кабир аз сирояти 78 нафар ба вируси обилаи маймун хабар дод. Дар гузориши мақомоти беҳдоштии ин кишвар омада буд, ки то ба имрӯз мубталоён ба ин вирус онро ба осонӣ пушти сар карданд ва ҳолати вазнин ба қайд гирифта нашуд. Гуфта мешавад, ки густариши беморӣ дар Аврупо, Амрико ва Австралия аз Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ, ки ҳоло ба сурати вогир даромадааст...

Нигаронии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз густариши бемории обилаи маймун. Эҳтимоли эълони эпидемия ё пандемия вуҷуд дорад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи бемории обилаи маймунро як ҳолати фавқулодаи умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон кардааст. Ин ҳамон ҳолатест, ки созмони ёдшуда метавонад эпидемия ё пандемия эълон кунад.

Тедрос Аданом Гебреисус ахиран эълон кард, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баъди таҳлили оморҳои ахири...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои гарм то охири моҳ боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки то охири моҳи июли соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои гарму бебориш боқӣ мемонад. Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо ба +40+45, минтақаҳои ҷануби кишвар то ба +47 дараҷа мерасад.

Хабарҳои рӯзи гузашта. Ронанда ва се мусофири “Мерседес Бенс”-и сарнагушуда дар Фондарё то ҳол пайдо нашудаанд

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади як духтари 12-сола, сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритӯсро пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Ин ноболиғ рӯзи 20-уми июли соли равон аз беэҳтиётӣ дар канали деҳа афтода ғарқ шуда буд.

Страницы