Сарбозонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба театр рафтанд

Тамошои театр ва ҳузури дастаҷамъӣ дар намоишҳои ҳунариву фарҳангӣ яке аз барномаҳоест, ки ба рушди шахсият ва васеъ шудани ҷаҳонбинии сарбозону афсарон мусоидат мекунад.
Бо назардошти ин дар барномаҳои тарбиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рафтани дастаҷамъӣ ба тамошои намоишномаҳо дар театрҳои кишвар ва ширкат дар ин ё он барномаҳои фарҳангӣ мавқеъи муҳим дорад.

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамоиши Қазоқистон ширкат карданд

Дар шаҳри Олмотии Қазоқистон конфронси минтақавии машваратӣ оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии коҳиши хатари офатҳо, ки Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар якҷо бо Маркази ҳолатҳои фавқулодда ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Олмотӣ ташкил карда буд, баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат

Тарма хатари ҳаракат дар роҳҳои куҳиро бештар кард

Кормандони наҷоти кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ронанда ва мусофири “Дулан”-и зери тарма мондаро наҷот доданд.
22-уми январи соли 2017 дар рустои Тагоби ҷамоати Тагоби ноҳияи Рашт бар асари лағжиши тарма хоҷагии ёрирасони сокини ин мавзеъ Тоҷиддин Зиёев зарар дид. Ҳодиса қурбонӣ надорад.
Ҳамчунин дар ҷараёни лағжиши тарма муваққатан ҳаракати

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоъи аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки мувофиқи маълумотҳои пешгўии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои аз 22 то 25 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то – 8 – 12 дар назар дошта шуда, дар минтақаҳои алоҳидаи

Нишасти матбуотии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда доир шуд

Имрӯз нишасти солонаи матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба саволҳои хабарнигорони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ муовини аввали
Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён посух дод.
Варақаи матбуотии нишаст дар зер меояд.
ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ

Страницы