Рустам Назарзода бо Сафири Фаронса роҳандозии тарҳҳои нави ҳамкориҳоро баррасӣ кард

12 – уми январи соли 2016 дар кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар, ки ба тозагӣ ба ин симмат таъин шудааст, баргузор шуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хонум Гуедарро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи сафирӣ дар кишвари мо муборакбод кард ва барояш комёбиҳо хост.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!!!

Кумитаи ҳҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон то 17-уми январи соли 2017 дар қаламрави манотиқи куҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ҳамчунин ВМКБ сардии ногаҳонии ҳаво пешгӯӣ мешавад. Эҳтимол дорад дар роҳҳои куҳӣ ғарами барф ва яхбандӣ ба вуҷуд ояд.
Дар ин иртибот КҲФ шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки чораҳои амнияти шахсии худро андешанд.

Садама ҳаракати мошинҳо дар нақби Шаҳристонро ҳудудан 5 соат мутаваққиф кард

Дар 164-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар нақби Шаҳристон садамаи сахт рух дод. Яку якбора се мошини боркаш ба ҳам бархӯрданд. Ду мошин аз Хуҷанд ба Душанбе  ҳаракат доштанд ва мошини тамғаи “Дулан” аз Душанбе ба самти Хуҷанд роҳ пеш гирифта буд.  
Дар натиҷаи ин садама ҳаракати мошинҳо дар нақби Шаҳристон аз соати 18:14 то 22:18 дақиқа қатъ шуд. Ронандагон дар дохили мошинҳои худ дармонданд

Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи FAO ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барарсӣ шуданд

11-уми январи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) бо сарварии намояндаи ин созмон ҷаноби Виорел Гутсу баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба зироатҳои хоҷагии

Даричаи ошноӣ: Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд

Ҳар як соҳа саҳифаҳои таърихии худро дорад. Саҳифаҳои аввалини Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд аз таъсиси муҷаддади Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Ленинобод ба Ситоди мудофиаи граждании вилояти Ленинобод ва Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Ленинобод бо Фармоиши Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 28 январи соли 1971 алоқаманд аст. Ва аввалин Ситоди вилояти Ленинободро подполковник

Страницы