КҲФ тафтиши фаъолияти сарварони Ситодҳо ва фармондеҳони қисмҳои низомиро оғоз кард

Як гуруҳи корӣ, ки ахиран бо фармони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, сатҳи омодагиву корбарии Ситодҳои минтақавӣ ва фармондеҳони воҳидҳои низомии тобеъи Кумитаро меомӯзад.
Бо мақсади омӯзиши вазъи амалӣ, тафтиш ва арзёбии самаранокии фаъолияти роҳбарони ситодҳои ноҳияҳо,

Ҳамдардии Сарвари КҲФ ба даргузашти ҳамтои арманиаш Армен Еритсян

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба муносибати даргузашти нобаҳангоми Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон Армен Еритсян барқияи ҳамдардӣ ирсол кард.
«Ба аҳли хонавода, пайвандон, наздикон ва ҳамкорони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ мекунем. Арзи тасаллияти моро бипазиред.

Санҷиши омодагии ниҳодҳои зидахли Роғун дар ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аксари 18 пешниҳоди Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ин шаҳрро, ки ахиран ироа шуда буд, иҷро кардааст.
Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Роғун мегӯяд масъалаи омодагии қувва ва техникаҳои ҳудуди шаҳрро  вобаста ба рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ  ва таъмини амнияти  аҳолӣ санҷидааст.

Наваскарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда савганди садоқат ба Ватан ёд карданд

Маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ имрӯз дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин маросими барои сарбозони ҷавон хеле муҳим ва хотирмон волидони онҳо, хешовандон, наздикон ва дӯстонашон, ҳамчунин меҳмонони фахрӣ ширкат карданд.
Баъди фармони овардани ҳайати шахсӣ ба савганди ҳарбӣ

Диққат! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад: борону барфи рӯзҳои оянда ва яхбандӣ дар роҳҳои куҳӣ !

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми декабри соли 2016  обу ҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона шамоли сахт, ки дар як сония то 17-22 метр мевазад, пешбинӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар

Страницы