Раёсати Суғд

Санҷиши омодагиҳои техникаи наҷот дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  азназаргузаронии солонаи техникаи наҷот баргузор шуд. Дар рафти ин азназаргузаронӣ омодагии техникаи наҷот барои мавсими зимистони санҷида шуд.

Санҷиш нишон дод, ки техникаи наҷоти Раёсат барои фаъолият дар давраи зимистон омода аст.

Идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба рӯзи коҳиши хавфи хатар аз офатҳои табиӣ рӯзи дарҳои боз баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-юми ҷамоати деҳоти Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар шаҳри Хуҷанд

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандии вилояти Суғд  бахшида ба рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар доираи лоиҳаи “Амал дар асоси пешгӯӣ” чорабинии таблиғотӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, сардорону афсарони шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ...

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади арҷгузорӣ, эҳтироми забони модарӣ, дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини сардори Раёсат оиди корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ...

Ҳалокати 124 нафар дар 9 моҳ аз ҳодисаҳои фавқулодаи вилояти Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташкили як ҷаласа фаъолияти Раёсат, инчунин шўъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо давоми нӯҳ моҳи соли 2021-ро натиҷагирӣ кард. Ҷаласаро сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, рўзномаи ҷаласаро ба ҳозирин шинос намуд. Баъдан  муовини сардори Раёсат...

Страницы