Қоидаҳои бехатарӣ

Филми тасвирии “Соли нави бехатар”

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш миёни кудакон ва наврасон ҳангоми рафтори нодуруст дар вақти ҷашнгирии соли нав Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филми тасвирии “Соли нави бехатар”, ки аз ҷониби ҳамкасбони мо аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус омода гаштааст, манзур медорад.

Ба бачаҳо қоидаҳои бехатарӣ меомӯзем

Муҳтарам корбарони сомона! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи Шумо филмҳои омӯзишии аниматсионӣ барои бачаҳоро пешкаш мекунад. Ин филмҳо барои дарки воқеъияти хатар ва риояи техникаи бехатарӣ бештар муфиданд. Ҳангоми баррасии осеб дидани бачаҳо мо борҳо ин суолро матраҳ кардаем, ки чаро беш аз дигарон маҳз кӯдакон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: ронандаҳо, эҳтиёт кунед!

Зарфи чанд рӯзи охир шумори садамаҳои нақлиётӣ афзуданд ва баъзеи ин садамаҳо муҷиби ҳалокати одамон ҳам шуданд. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъзе чораву тадбирҳои эҳтиётиро дар риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо барои дӯстдорони мошинронӣ ёдрас мекунад.

Тавсияҳои КҲФ: Дар ин ҳавои гардолуду пурчанг чӣ бояд кард?

Муддати чанд рӯзи охир ҳавои гардолуди то ҳадде тӯфонӣ кишварро фаро гирифтааст. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад дар чунин ҳолатҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама ба одамони гирифтори бемориҳои дил, зиққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.

Страницы