Селҳои шаби гузашта дар қаламрави кишвар. Аз талафоти ҷониву харобиҳо гузориш нарасидааст

14 апрели соли 2024 тақрибан соати 05:30 дар деҳаи Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷаби ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар натиҷаи боришоти шадид сатҳи оби дарёи Ёхсу боло рафт. Дар натича деворе, ки дар масофаи 25—30 метр соҳили рости дарёро муҳофизат мекард, зарар дид.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя аз оқибатҳои баландшавии сатҳи оби дарё дар якҷоягӣ бо кормандони Идораи мелиоратсия ва обёрии ноҳия бо истифода аз 5 адад техникаи муҳандисӣ дар масофаи 55 метр 65 метр плитаҳои оҳану бетонӣ гузоштанд ва бо симтаноб он ҳамаро ба ҳам васл намуданд.   

15 апрели соли 2024 соати 00:15 дақиқа боронҳои пуршидат сабабгори бо лойқаву селовардаҳо пур шудани канали Чоряккорони ноҳияи Сино шуд.  Дар натиҷа об аз соҳили калан берун шуд, роҳеро, ки аз маҳаллаи Чоряккорон ва Зафар мегузашт, баст.

Бо ёрии 20 техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳияи Сино вазъи баамаломад бартараф ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд. 

Ҳамчунин тахминан соати 01:26 дақиқа боз ҳам бар асари боронҳои пуршиддат дар хиёбони Абдурраҳмони Ҷомӣ оби борон сабаби баста шудаи роҳ ба масофаи 150 метр шуд. Бо ёрии ду техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия роҳ тоза ва ҳаракати мошинҳо мумкин гардид.

15 апрели соли 2024 соати 01:10 дақиқа бар асари боронҳои шиддатнок ва давомдор дар як қатор нуқтаҳои аҳолинишини деҳоти шаҳраки ба номи Турсунзода, ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ болоравии сатҳи об дар селгузар мушоҳида шуд. 

Дар натиҷа об ҳавлии сокинонро пур кард. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода барои муайнян кардани ҳаҷми зарари расида ва бартараф кардани паёмадҳои офати табиӣ фаъолият мекунад. 

Ҳамчунин дар қаламрави шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи борони пуршиддат болоравии сатҳи об дар канали Янгиқурғон ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа об ба ҳавлии яке аз сокинон ворид гардид.

Дар ҷойи ҳодиса Комияяи ҲФ фаъолият дорад.

Дар натиҷаи омадани селҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: