Activities calendar

26 апрели 2024

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар мактабҳои вилояти Хатлон

Ҳамасола дар доираи ин рӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба вокуниш ба офатҳои табиӣ, сӯхторҳо ва садамаҳои эҳтимолӣ дарсҳои мавзӯӣ ва омӯзишҳои намоишӣ гузаронида мешаванд.

Ҳалокати як писари 6-сола дар Лангари Шоҳ, ки чорвочаронӣ рафта буд

25 апрели соли 2024 тахминан соати 10-и субҳ як сокини 6 – солаи деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади чорвочаронӣ бо дӯстонаш аз ҳавлӣ берун шуд. Ҳангоми убур аз дарёчаи Шӯрак пояш лағжид ва дар об ғарқ гардид.

Танҳо соати 18:20 дақиқа баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯро 150-200 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд ва барои ташхис  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Селу ярчи шабонарӯзи гузашта дар кишвар. Обуҳавошиносон мегӯянд ҳавои номусоид то 28 апрел боқӣ мемонад

Шабонарӯзи гузашта ва субҳи рӯзи 26-уми апрели соли 2024 дар қаламрави кишвар селҳо ва ярч ба қайд гирифта шуд

Чунончӣ, 25 апрели соли равон соати 17:10 бар асари боронҳои пушиддат аз талу теппаҳое, ки деҳаи Шӯрчашмаи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро иҳота кардааст, сел омад. Дар натиҷа 4 манзили истиқоматии сокинон ва 30 қитъаи ёрирасони наздиҳавлигӣ қисман зери об монд.