Боз як наврас ғарқи об шуд. Ин ҳодиса рӯзе қабл дар Ҳисор рух дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо шаҳрвандонро огоҳ карда буд, ки ҳоло мавсими оббозиву шиноварӣ ва истироҳат дар соҳили обҳо фаро нарасидааст ва аз волидон хоҳиш карда буд фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳодисаҳоие рух

Мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ

14 майи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон баргузор шуд.

КҲФ: Эҳтиёт кунед, тӯфони гарду ғубор!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли 2024 бинобар тағйирёбии обу ҳаво дар навоҳии марказӣ ва ҷанубии  вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар шаҳри Душанбе тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Хатари шикастану афтидани дарахти азим ба боми як бино бартараф шуд

Як сокини шаҳри Душанбе аз кӯчаи Зарафшон бинои 2/2 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки як дарахти бузурге назди ин бино барои одамон хатар эҷод мекунад.

Вай аз ҷумла гуфт, ки дарахт ҳар лаҳза метавонад ба боми хонаҳо афтад ва зарар расонад. 

КҲФ: Хатари омадани селҳо боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар давоми шабонарӯзи наздик дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво бори дигар ба идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.

Страницы