Activities calendar

30 апрели 2024

Фаврӣ: Фурӯравии замин дар роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг. Тафсилот нашр мешавад

Бино ба маълумоти  бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳоифавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи гузашта, 29-уми апрел тахминан соати 19:09 дақиқа бар асари бориши боронҳои пай дар пай  дар ноҳияи Ховалинг дар километри 60400-и шоҳроҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи самти ноҳияи Восеъ-Ховалинг ҳудуди ноҳияи Ховалинг фурӯравии роҳ бо дарозии 30 метр ва паҳнои 3,5 метр ба қайд гирифта шуд.

Ҳушдори КҲФ аз селҳои рӯзҳои оянда!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон шабонарӯзи оянда дар баъзе навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.