Кӯмак ба аҳолии осебдида дар селҳои охир

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кумак ба аҳолии зарардида аз оқибатҳои сел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони байналмилалӣ дар шакли маводи озуқа ва ғайриозуқа кумак расонидааст.

 Ба шарофати вокуниши фаврӣ ва ташкили ҳамкориҳо бо дастгирии як қатор созмонҳои байналмилалӣ ба аҳолии шаҳру навоҳии кишвар, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, сари вақт ёрӣ расонида шуд.

Чунончӣ, охири ҳафтаи гузашта КҲФ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 125 хонаводаи ҷамоати деҳоти шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, навоҳии Рӯдакӣ ва Темурмалики вилояти Хатлон, ки бар асари сели рӯзҳои 14 – 15 апрели соли 2024 осеб дидаанд, кумак расонид.  

Ин кӯмакҳо асосан маводи ғизоӣ, маводи ниёзи аввалия, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳабҳои тозакунандаи об буданд.

Кӯмакҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсуси КҲФ ба ҷамоатҳои деҳот расонида шуданд. Ва дар ҳузури комиссияҳои созмондодашуда ба ниёзмандон тақсим карда шуданд. 

барчасп: