Селҳои шабонарӯзи гузашта дар гузориши Қисми навбатдории КҲФ

22 апрели соли 2024 соати 13:45 дақиқа дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Истиқлол, дар наздикии корхонаи «Хуаксин Ғаюр Суғд Семент» 4 ҳодисаи резиши санг ва омадани сел ба қайд гирифта шуд.

22 апрели соли 2024 соати 15:05 дақиқа боронҳои пуршиддат муҷиби омадани сел аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон шуд, ки бар асари он 25 метр садди ҳимоявии деҳаи Қурғончаи ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов шуста шуд. 

22 апрели соли 2024 соати 15:10 дақиқа аз ҷониби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сел омада дар натиҷа ба  5 га заминҳои корам, 20 замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллаҳои Ганҷобод ва Меҳрободи ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳи нав селоба ва лойқа даромада зарар расонидааст. Бо ҷалби 2 адад техникаҳои муҳандисии маҳалӣ пеши селроҳа тоза карда шуда, корҳои бартарфкунӣ паёмадҳои офат идома доранд.

Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷойҳои селзада фаъолият намуда, ҳаҷми зарар ва хисороти расидаро муайян мекунад.

Рӯзи 22 апрели соли 2024 соати 16:10 дақиқа бинобар сабаби боридани  боронҳои пуршиддат дар деҳаи Чилчаи ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон аз селроҳаҳо сел омада, ба 22 иншооти ёрирасони сокинон зарар расонидааст. Дар натиҷаи ҳодисаи баамаломада талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

барчасп: