КҲФ: Ҳавои гарм боиси об шудани барфу пиряхҳо ва омадани сел мешавад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 22-24 апрели соли 2024 бар асари болоравии ҳарорати ҳаво ва об шудани барфҳо дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.

Ин селҳо метавонанд натиҷаи об шудани пиряхҳо бошанд, ки маъмулан дар дамои гарм рух медиҳад. 

Дар ҳамин иртибот Кумита такроран ба сокинон муроҷиат мекунад, ки эҳтиёткор бошанд ва ҳама чораҳои эҳтиётиро аз қабл андешанд. 

Барои пешгирӣ аз сел бояд сари вақт ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардаҳову регу санг тоза кунанд.

Дар чунин рӯзҳо набояд ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикор ва соҳили обҳо моҳидорӣ рафт.

Ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бояд қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

барчасп: