Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо, боронҳои пуршиддат ва ярчу тарма дар чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрели соли равон ба асари об шудани барфҳо дар манотиқи кӯҳсори Тоҷикистон эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

Аз 26 то 28 апрели соли 2024 бошад ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои пуршиддат меборад ва дар баландии 2500 метр ин борон метавонад ба барф мубаддал гардад. Ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обуҳавошиносон дигар дар аксар манотиқи Тоҷикистон раъду барқро пешгӯӣ мекунанд. 

Аз 26 то 28 апрели соли равон хатари омадани селҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, навоҳии ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад. Ҳамчунин болоравии сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, аз эҳтимол дур нест.

Боронҳои пуршиддат метавонанд боиси мулоим шудани хок ва ҳаракати он дар минтақаҳои кӯҳиву наздиқӯҳӣ шаванд. Ин ҳатто метавонад боиси лағжиши тарма, ярч, резиши санг ва омадани сел гардад. 

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинони ин ноҳияҳо тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ба ғунучини ҳезум, дорувор, шикор ва моҳидорӣ нараванд. Ҳамчунин тавсия мешавад, ки дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои наздикӯҳиву кӯҳӣ чорвочаронӣ маслиҳат нест.

Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ бештар эҳтиёт кунанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Аммо қабл аз сафар ҳатман дар бораи вазъи роҳҳои иттилои заруриро ба даст оранд.

Суръати ҳаракат дар роҳҳи кӯҳиро риоя кунанд. Оҳиста мошин рондан як сабаби аслии таъмини амнияти шумост!

барчасп: