Селу ярчи шабонарӯзи гузашта дар кишвар. Обуҳавошиносон мегӯянд ҳавои номусоид то 28 апрел боқӣ мемонад

Шабонарӯзи гузашта ва субҳи рӯзи 26-уми апрели соли 2024 дар қаламрави кишвар селҳо ва ярч ба қайд гирифта шуд

Чунончӣ, 25 апрели соли равон соати 17:10 бар асари боронҳои пушиддат аз талу теппаҳое, ки деҳаи Шӯрчашмаи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро иҳота кардааст, сел омад. Дар натиҷа 4 манзили истиқоматии сокинон ва 30 қитъаи ёрирасони наздиҳавлигӣ қисман зери об монд. 

Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва барои бартараф кардани паёмадҳои офат тадбирҳо андешида мешавад.

Ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

26 апрели соли 2024 сооати 04:20 дақиқа дар километри 295 роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди деҳаи Куфоби ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, сел омад. Дар айни замон роҳ пурра аз селовардаҳо тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо аз ду ҷониб аз сар гирифта шудааст.

26 апрели соли 2024 боронҳои пуршиддат сабаби болоравии оби рӯди Мазор шуд ва 120 метр садди ҳимоявиро дар деҳаи Калтачинори ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон шуст.

Ҳамчунин соати 02, 26 апрели соли 2024 дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Ховалинг, ки аз тариқи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мегузарад, ярч роҳро баст.

Барои рафъи оқибатҳои ҳодиса кормандони хадамоти роҳ ва ду воҳиди техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд. Соати 03:30 роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Ҳамчунин, дар ҳудуди деҳаи Лаҳутии ҷамоати деҳоти Лаҳутӣ аз талу теппаҳо сел омада, дар натиҷа девори муассисаи таълимии деҳаро ба масофаи 40 метр вайрон кардааст. Илова бар ин, сел 3 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллии ҷамоати деҳоти Ховалинги ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон зери об кардааст.

Корҳо дар маҳал барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Комиссияи ҳолатҳои фавкулоддаи ноҳия ҳаҷми зарари расидаро муайян карда, ба ахолии зарардида ёрй мерасонад

Бар асари ярч ва омадани сел талафоти ҷониву харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон то 28-уми апрели соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Боридани боронҳои пуршиддат, омадани селҳо, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ, раъду барқ пешбинӣ мешавад.

ЭҲТИЁТ КУНЕД! 

барчасп: