КҲФ: Ҳавои гарм боиси об шудани барфу пиряхҳо ва омадани сел мешавад!
Чоп шуд: 23/04/2024 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 22-24 апрели соли 2024 бар асари болоравии ҳарорати ҳаво ва об шудани барфҳо дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.