Activities calendar

01 августа 2023

КҲФ: Эҳтиёт кунед: боз ҳавои пурчангу хок дар пеш аст!

ҳавои пурчангу хок

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан  ба маълуоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 4-6 августи соли 2023 дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, ҳамчунин навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба сабаби омилҳои метеорологӣ – чангу хок, ки ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ мерасад, боиси олудагии ҳаво мешавад.  Олудагии ҳаво аз ҳисоби ҳиссачаҳои гарду чанги андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5) интизор меравад.

Ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) доир шуд

1 августи соли 2023 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати, иштироки намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва

КҲФ: Хатари омадани селҳо боқӣ мондааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши обуҳавошиносон рӯзҳои 1-2 августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар назар дошта шудааст.