Activities calendar

26 августа 2023

КҲФ: Хатари омадани селҳо дар баъзе манотиқи кишвар боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 26-27-уми августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуди ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боридани боронҳои шадид ва хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Сел дар ноҳияи Айнӣ роҳро муваққатан баст

25 августи соли 2023 тахминан соати 17:10 дар километриҳои 110-115 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки аз қаламрави деҳаи Пете ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад, боронҳои пуршиддат, вале кутоҳмуддат сабабгори омадани сел дар ин минтақа шуданд. Дар натиҷа роҳ пур аз сангрезаву регу шағал шуд. Роҳро бастанд.

Ҳалокати ду нафар дар як садама дар ноҳияи Восеъ

Дар бархӯрди ду мошин дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ду нафар ҷон бохтанд ва се тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шуданд. Сабаби садама риоя нашудни қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо буд.
25 августи соли 2023 тахминан соати 23:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар ҳудуди деҳаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ садамаи нақлиётӣ ба қайд...