Activities calendar

04 августа 2023

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (ВИДЕО)

Зарфи шаш моҳи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 475 (соли 2022 – 607) ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд. 36 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонд.   Ба асари офатҳои табиӣ 30 нафар шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд. Аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ 470 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра, 73 қисман, 369 иншооти ёрирасон), 4 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 6 пул, 2916,1 гектар замини кишт ва 404 км роҳи мошингард зарар дид.

Наҷоти писарбачаи 12-сола дар “Баҳри тоҷик”, ки дар макони мамнуъ шиноварӣ мекард

3 августи соли 2023 ҳамнгоми навбатдорӣ  дар соҳили обанбори “Баҳри тоҷик” дар ҳудуди ноҳияи Гулистон имдодагарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд мушоҳида карданд, ки писарбачае дар об ғарқ мешавад. Нозир аз баландӣ чун ин ҳолатро бо дурбин дид, фавран ба гурӯҳи навбатдор фармон дод, ки ба кумак шитобанд.

Наҷотдиҳандагон басо фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҳама чораҳои наҷотро...