Activities calendar

19 августа 2023

Моро табрик мекунанд....

Дар робита ба таҷлили 29-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони дигар сохторҳои наҷоти кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ табрикоти самимӣ ворид мешавад.

Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон

17 августи соли равон дар доираи  сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо ширкати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия  Рустам Назарзода Майдони Парчами Давлатӣ ифтитоҳ гардид.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз селҳои эҳтимолӣ дар як қатор навоҳии кӯҳии кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуди сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 августи соли 2023 дар қаламрави як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.