Activities calendar

25 августа 2023

Хабари шоми гузашта

Як сокини кӯчаи ба номи Муҳаммадиеви пойтахт ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дар оҳании манзили истиқоматиаш баста шудаву наметавонад ворид шавад ва писари 16-солаи ӯ, ки калид ҳам надорад, дохили хона мондааст.

Роҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш, ки бар асари омадани сел баста шуда буд, дубора боз гардид

Ҳамчуноне пештар хабар дода будем, 23 августи соли 2023 дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхоб, наздикии Арчакаппа бар асари об шудани пиряхи “Баралмас” сел омад ва маҷрои дарёи Сурхобро муддати 1 соат баст. Дар натиҷа 400 метр роҳи мошингард шуста шуда, 3 симчӯби интиқоли қувваи барқ ва 150 метр кабели қуввааш 10 кВт хароб шуд.