Activities calendar

07 августа 2023

Ҳушдори КҲФ аз селҳои эҳтимолии рӯзҳои 8-9 августи соли равон

селҳои эҳтимоли

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти обуҳавосанҷон рӯзҳои 8-9 августи соли 2023 дар қаламрави як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Изҳори тасаллии Пешвои миллат ба хонаводаи ҳалокшудагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб

Дирӯз бегоҳӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳодисаи фоҷиабор – садамаи нақлиётӣ рух дод. Автомашинаи боркаш бар асари нуқси техникӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав ва ду манзили истиқоматӣ бархӯрд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат...

Садамаи маргбор дар Кӯлоб. 9 нафар ба ҳалокат расиданд, 14 тан ҷароҳат бардоштанд. Маълумоти расмӣ (ВИДЕО)

6 августи соли 2023 соатив 19:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ мошини боркаши “Дулан”, ки аз ҷониби як сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳангоми гузаштан аз шаҳри Кӯлоб аз сабаби аз кор мондани тормозҳо натавонист мошинро идора кунад ва ин боиси садамаи мудҳиши нақлиётӣ шуд.