Таҳдиди ҷаҳонии короно. Италия дар карантини комил. Эҳтимоли эълони пандемия афзудааст

Хабарҳо аз сирояти густардаи вируси короно дар Аврупо нигаронкунанда аст. Италия чун кишваре, ки мизони болои сироятшудагону фавтидагон бар асари ин вирусро дорад, ахиран аз карантини густарда хабар дод. Дар ин кишвар хуруҷу вуруди безарурат манъ аст. Аввал шимоли кишвар дар карантин эълон шуд, вале мақомот дигар натавонистанд аз хуруҷи ҳазорон нафар аз минтақае, ки ба гуфти онҳо офатзада аст, ҷилавгирӣ кунанд. Аз шӯриш дар баъзе зиндонҳои Италия низ гузоришҳо мерасанд. Зиндониён аз он ки бастагонашон ба аёдаташон дигар омада наметавонанд, норозианд. Шумори мубталоёни дар Ҷумҳурии Исломии Эрон то баъди зуҳри рӯзи душанбе, 9 марти соли 2020 7161 нафар буд ва 237 нафар ҷон бохтанд.  Дар 26 соати гузашта 595 сироятшудагони нав ба қайд гирифта шуданд ва дар ҳамин муддат 43 нафар ҷон доданд. Мақомоти эронӣ аз шифои 2394 нафар хабар доданд.

Тедрос Аданом Гебрейесус - сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ҳоло ки вирус дар кишварҳои зиёди олам дида мешавад, таҳдиди пандемия эҳсос мегардад. Вай илова кард, ки тасмимҳои ҷиддии давлатҳо барои боздоштани сирояти он қобили ситоиш аст, вале ин созмон эҳтимоли эълони пандемияро низ дар барномаи амал қарор додааст.

Тибқи иттилои СҶТ аз ҳамаи ҳодисаҳои кашфи вируси COVID-19 дар олам 93% марбут ба 4 кишваранд.

Бино ба гуфтаи пажӯҳишгарон Италия яке аз қутбҳои аслии гардишгарӣ дар қитъаи Аврупост ва ҳоло ба иллати сирояти густардаи короно ба рукуд омадааст. Ҷузеппе Конте-Садриаъзами Италия ахиран гуфт, карантине, ки дар шимоли кишвар эълон шуда буд, акнун барои кулли Италия эълон мешавад ва хуруҷу вуруди бидуни зарурат барои шаҳрвандон ва меҳмонони ин кишвар мамнуъ шуд.

Ҷаноби Конта дар аввалин дақоиқи эълони карантини саросарӣ гуфт, ки акнун  фақат ба сафрҳои бисёр зарурӣ, ки ба таъхир андохтани онҳо имкон надорад, иҷозат дода мешавад. Сарвазири Италия гуфт, ки ин қарор аз субҳи рӯзи сешанбе, 10-уми март амалӣ мешавад. Ба ҳамин тартиб Италия аввалин кившари олам хоҳад буд, ки барои пешгирӣ аз густариши короно кулли қаламравашро карантин эълон крадааст. Аз ин пеш Чин танҳо дар як вилояти азим карантини пурра эълон карда буд. Сабки муборизаи чинӣ барои ҷаҳониён дарс шуд. Ахиран шеваи муборизаи мақомоти чинӣ бо короно аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ситоиш шуд.

Дар Италия солмандон қишри аслии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд ва тибқи оморҳои гирдомада пирсолон ва бахусус онҳое, ки аз бемориҳои зиёд ранҷ мебаранд, ба ин вирус осебпазиранд.

Рӯзи душанбе Италия аз марги 97 нафар бар асари сироят ба ин вирус хабар дод, ки дар гузашта бесобиқа буд. То кунун дар ин кишвар 493 нафар аз сироят ба вируси короно фавтидаанд.

Сарвазири Италия рӯзи душанбе дар як баромади телевизионӣ ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат кард ва хост, ки онҳо муддате дар хона бимонанд ва безарурат берун нараванд.

Исроил низ барои ҳар касе ба ин кишвар ворид мешавад, карантини 14-рӯза эълон кард. Нахуствазири Исроил Бинёмин Натанёҳу гуфт, ки дар хориҷ аз кишвар 268 ҳазор нафар зиндагӣ мекуннад, ки агар онҳо ба Исроил баргарданд, барояшон карантини 14-рӯза воҷиб мешавад.

То субҳи имрӯз, сешанбе, 10-уми мард дар Британияи Кабир аз ошкор шудани 319 сироятшуда ба вируси короно хабар дода шудааст, ки се нафари онҳо фавтидаанд.