Анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 наҷотдиҳандаи ҷавон дар КҲФ. Ширкаткунандагон соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд (ВИДЕО)
Чоп шуд: 10/10/2020 | redaktor
Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 нафар наҷотдиҳандагони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ширкат варзиданд.