КҲФ: ДАР НОҲИЯҲОИ КӮҲИЮ ДОМАHАКӮҲИИ КИШВАР ХАВФИ САР ЗАДАНИ СЕЛ ПЕШГӮӢ МЕШАВАД

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 31 октябр ва 1 ноябри соли 2026 бинобар боришоти маҳаллӣ дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Ба сокинон тавсия дода мешавад:

КҲФ: ЗАМИНЛАРЗА

ноҳияи Рашт (заминларза) Санаи 29 октябри соли 2026 соати 07:20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 25 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 123 километр ҷанубу ғарб аз ноҳияи Рашт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод. Дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.   Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ.

КҲФ: ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ СОЛИ 2026

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар шашмоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

   Дар кори ҷаласа Раиси Кумита, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидмуродзода Хурсандмурод, муовинони Раиси Кумита, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Кумита иштирок намуданд.

Ҷаласаи XVII Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи XVII Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.

Иштирокчиёни ҷаласаро губернатори шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов хайрамақдам гуфта, ба кори ҳамоиш барору комёбӣ орзу намуд.

Дар кори ҷаласа вазири Федератсияи Россия оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ 

КҲФ: ХАБАРИ ФАВРӢ НАҶОТДИҲАНДАГОН ЯК НАФАР ШАҲРВАНДИ РОССИЯРО АЗ КУҲ НАҶОТ ДОДАНД

Санаи 10 июли соли ҷорӣ, соати 15:00 ба Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки шаҳрванди Федератсияи Русия Антипов Владислав ҳангоми анҷом додани сайёҳии кӯҳӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар яке аз қуллаҳои кӯҳӣ дармонда, мустақилона имкони поён фаромаданро надорад.

Пас аз дарёфти хабар, бо дастури роҳбарияти Кумита гурӯҳи наҷотдиҳандагони

Страницы