Дар доираи таҷлили Рӯзи мудофиаи гражданӣ, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, аз ҷумла Раёсати оташнишонӣ, Шӯъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти ёрии таъҷилӣ ва ризокорони Кумита ва бо дастгирии Фонди Тоҷикистонии Оғохон (ФТО), дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машқи муштараки идоракунии ҳолатҳои фавқулодда (SIMEX) баргузор карда шуд.
Машқи мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани сатҳи омодагӣ ва баланд бардоштани қобилияти вокуниш ба офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда роҳандозӣ гардид.
Дар ҷараёни машқи мазкур унсурҳо мутобиқ ба машқҳо илова карда шуд. Бахусус, хомӯш кардани сӯхторҳои шартӣ, наҷоти зарардидагон ва расонидани ёрии аввалини тиббиро амалӣ намуданд. Ҳамзамон, аъзои ҷомеаи маҳаллӣ ҳамчун “зарардидагон” дар машқ иштирок намуда, ба воқеият наздик сохтани сенарияҳои ҳолатҳои фавқулодда саҳм гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки машқи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ташаббуси рушди сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардидааст. Дар доираи ҳамин лоиҳа, Фонди Тоҷикистонии Оғохон (ФТО) 8000 литр сӯзишвориро барои дастгирии татбиқи лоиҳаҳои хурди коҳиши хавфи офатҳо ва баланд бардоштани устувории маҳаллӣ ҷудо намуд.
Дар нимаи дуюми рӯз маросими расмии супоридани таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ба дастаи минтақавии наҷот баргузор гардид. Таҷҳизоти мазкур низ дар доираи лоиҳа харидорӣ шуда, бешубҳа ба таҳкими иқтидори дастаҳои вокуниши минтақавӣ дар муқобили таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.


