Раёсати ВМКБ

КҲФ-ВМКБ: САНҶИШИ МАЛАКАВУ МАҲОРАТИ КАСБӢ

Санҷиши малакаву маҳорати касбии ҳайати шахсӣ таҳти роҳбарии полковник Хуршед Вализода, сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита ҷараён дошта, он то нимаи аввали моҳи июни соли 2026 идома хоҳад ёфт. 

     Зимни санҷиш гурӯҳи корӣ бо ҳайати шахсии Раёсати Кумита вобаста ба масъалаҳои тартибу интизоми ҳарбӣ, риояи ҳатмии Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби пӯшидани сару либоси ҳарбӣ,  иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ – давлатӣ ва содиқ будан ба Ватани азизи худ, сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Баҳси хушунати оилавӣ дар як семинари омӯзишии Раёсати Кумита дар ВМКБ

Дар асоси Барномаи омӯзишӣ доир ба вокуниш ва пешгирӣ намудани хушунати оилавӣ  дар шароити ҳолатҳои фавқулодда, ки аз ҷониби Фонди нуфуси аҳолии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНФПА) бо дастгирии молиявии Ҳукумати Британияи Кабир амалӣ карда шудааст, рӯзҳои аз 26 то 28 марти соли 2025 аз тарафи сардори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ – методӣ полковник Маҳмадзода Т. ва афсари калони Маркази таълимӣ-методии шаҳри Душанбе Халифазода М., бо сардорон ва мутахассисони шуъбаю бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, ҳамзамон сардорони шуъбаю бахшҳои Раёсат ва наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят семинар –омӯзиш дар мавзуи “Пешгирии намудани хушунати хонаводагӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда” ташкил ва гузаронида шуд.

​Вохӯрӣ оид ба пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ВМКБ

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 “Дар бораи Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақша-чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) оид ба татбиқи ин барнома, санаи 28 феврали соли 2025 дар толори Раёсати КҲФ ва МГ дар ВМКБ вохӯрии ҳайати шахсии Раёсат бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, нозири калони шуъбаи пешгирии нашъамандӣ майор Ҳайдарзода Гев баргуз

Машқи тактикӣ дар Хоруғ: Кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ ҳангоми тарма

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ ба маълумоти умумӣ мерасонад, ки бо мақсади баланд бардоштани савия ва дониши наҷотдиҳандагон дар самти корҳои кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ, тибқи фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, №23 аз 26.02.2025 машқи махсуси тактикӣ дар мавзӯи “Иҷрои корҳои кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ ҳангоми фаромадани тарма ва зери тарма мондани нақлиёти мусофирбар” дар ҳудуди шаҳри Хоруғ гузаронида шуд.

Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ

Бо ташаббуси раиси ВМКБ, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, бахшида ба 32-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни тимҳои мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар мусобиқа 16 даста иштирок намуданд, аз ҷумла тими яккачини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) дар ВМКБ.

Страницы