Кумакҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо короновирус

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кумакҳои байналмилалӣ ба кишвра барои мубориза бо короновирус хабар дод. Бино ба иттилои сомонаи вазорат бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизатӣ, аз қабили 6000 маҷмӯи якмасрафа, 5000 либоси якмасрафа, 15000 дастпӯшак, 6500 респиратор, 1500 ҷуфт мӯзаи обногузар, таҷҳизот барои пешгирӣ ва дигар лавозимоти зарурии санитарӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус тақдим карда шуд.

Манбаъ мегӯяд дар расми супоридани  мавод ва молҳои мазкур  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода,  роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Уолбурга Росс, роҳбари Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Лучано Калестини ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода зимни суханронии хеш аз дастгириҳои пайвастаи  Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустии мамлакат ёдовар шуда, тақдими мавод ва молҳои тиббиро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо  ин ду ниҳоди бонуфӯзи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, номбурда барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи роҳбарияти вазорат ба Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Зикр шуд, ки бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус дар ҷаҳон  мавод ва молҳои зикршуда барои пешгирии вируси мазкур метавонанд саҳми бориз гузоранд.

Дар идома муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба саволҳои рӯзноманигорон вобаста ба чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат ва дигар масъалаҳои марбута посух дод.

Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз, 16 марти соли равон сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли сирояти мазкур ба кишвар пурзӯр карда мешаванд.