Охирин хабарҳо аз минтақаҳои селзадаи вилояти Хатлон. Боздиди муовини Сарвазири кишвар аз маконҳои осебдида

Дар ду ноҳияи вилояти Хатлон корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, рӯзи 21-уми март бар асари боронҳои шадид дар деҳаҳои Ҳалқаҷар ва Пахтакори ноҳияи Хуросон ва деҳаҳои  Меҳробод, Зафаробод, Қумриободи ҷамоати Гулистон ва Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сел омад ва ба қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт ва хонаву ҳавлии сокинон даромада зарар расонд. Барои роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибати ин офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М.Салимзода ба ноҳияи Хуросон рафт. Қарор шуд, ки барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои сел техника ва ҳайати шахсии КҲФ аз ҷумлаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мустақар дар вилояти Хатлон ҷалб карда шаванд.  

25 марти соли 2020 Муовини Сарвазири мамлакат Давлатшо Гулмаҳмадзода аз ноҳияҳои осебдида дидан намуд ва дар ҷаласаи ситоди фаврӣ ширкат варзида, ҳамроҳ бо мутахассисон ва сарварону масъулон вазъро таҳлил кард. Барои рафъи монеаҳо дар корҳои бартарафсозӣ дастурҳои лозим дода шуд. 

То ба имрӯз бо талоши хизматчиёни ҳарбии КҲФ дар минтақаҳои осебдида корҳои зерин анҷом дода шуданд:

·         таҳхона ва заминҳои наздиҳавлигии 32 хонаи истиқоматӣ ва 200 метр ҷуйбор  аз обу лойқа тоза карда шуд;

·         Маркази давлатии санитарию-эпидемиологии вилояти Хатлон то ба имрӯз дар 246 хона ва бинои мактаби зарардида аз сел корҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ кард, барои аз ҳар гуна паразитҳо ва бактерияҳои касаловар, ки маъмулам сел бо лою лойқа меорад, дору пошиданд;  

·         бо техникаи Кумита 410 метр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуданд.

Сарвари КҲФ ба сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон супориш дод, ки чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати ҷилавгирӣ аз такрори вазъи баамаломадаро тақвият бахшанд ва ба таври фавриву оҷил ҳама корҳои рафъи оқибатҳои офати табиро ба анҷом расонанд.   Ҳамчунин корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Восеъ низ идома доранд. То имрӯз бо талоши наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таҳхонаи се хонаи истиқоматӣ аз обу лой тоза карда шуд. 

Дар айни замон корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ босуръат идома доранд. Шаҳрвандон ба хонаҳои худ бармегарданд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ҳаҷми зарари расида ба хоҷагиҳо ва сокинонро муайян мекунад.