Хабарҳои рӯзи гузашта. Ҷасади духтари 16-соларо дар соҳили Зарафшон баъди се рӯз пайдо карданд
Чоп шуд: 11/08/2022 | redaktorШабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои оҳании бастаи ду сокини шаҳри Душанберо боз карданд, ки дар яке аз ин хонаҳо ду ноболиғи 6-8-сола танҳо монда буданд. Ҳамчунин имдодгарони бахши КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар қаламрави шаҳри Панҷекати вилояти Суғд ширкат карданд.