Қоидаҳои бехатарӣ

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои пуршиддати рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон 13 октябри соли 2023 дар ҳудуди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон (Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва Шамсиддин Шоҳин), ҳамчунин ноҳияи Дарвози ВМКБ...

КҲФ: Хатари омадани сел бар асари боронҳои шадид боқист

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 7-8 октябри соли равон болоравии сатҳи оби дарёҳо ва омадани сел дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимол дорад. Дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об дар назар аст.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои ду рӯзи оянда дар кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 6-7 октябри соли 2023 дар водиҳои мамлакат бориши боронҳои шадид дар назар аст. Шаби 7 октябр дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борони шадид метавонад ба барф табдил шавад. 

КҲФ: Хатари омадани селҳо боқӣ мондааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши обуҳавошиносон рӯзҳои 1-2 августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармиҳои чор рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агетии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 19 то 24-уми июни соли 2023 дар аксари ноҳияҳои мамлкат ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Дар водиҳои вилояти Хатлон дамои ҳаво то 42+47 дараҷа боло хоҳад рафт, дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд 38+43 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ то ба 34+39 дараҷа хоҳад расид.

Страницы