Қоидаҳои бехатарӣ

Ҳалокати ду нафар дар обҳои кишвар дар шабонарӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта ду ҳодисаи фоҷеавӣ дар обҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳарду ҳҳолат одамон ҷони худро аз даст додаанд.

Чунончӣ, 13 августи соли 2024 як сокини 15-солаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъи дарёи Сир аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шуд ва ҷон бохт.

Аз гази заҳрдор чӣ гуна бояд худро наҷот дод?

ихроҷ шудани газ

Қоидаҳои бехатарӣ. Дар ҳоли ихроҷ шудани газ чӣ бояд кард?

Вақте дар хона бӯи газро ҳисс мекунед, аввалин коре кунед бояд он бошад, ки ҳама гуна асбобҳои барқиро хомӯш намоед. Сигор дуд накунед, гӯгирд назанед. Дониста бошед: ҲАР ГУНА ШУЪЛА, ҲАТТО АГАР ХУРД ҲАМ БОШАД, ХАТАРИ АЗИМ ДОШТА МЕТАВОНАД!

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди рӯзҳои 3-5-уми майи соли ҷорӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар қаламрави кишвар рӯзҳои оянда ҳавои номусоид дар назар аст.

Чунончӣ, рӯзҳои 4-5 майи соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус навоҳии Хуросон ва Ёвон, ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои шадид меборанд. 

Сел меояд. Чӣ бояд кард? Тавсияҳои КҲФ ба аҳолӣ

Баҳор аст ва маъмулан рӯзҳои боронӣ зиёданд. Боронҳои пуршиддат муҷиби омадани сел мешаванд ва аз ин ҷойи гурез ҳам нест. Ҳар сол селҳои харобиавар ба хоҷагиҳо ва сокинони кишвар миллионҳо сомонӣ зарар меоранд. Ҳодисаҳое ҳам зиёданд, ки одамон хонаву ҷой ва ҷони худро ҳам аз даст медиҳанд. Зарфи ин чанд рӯзи охир боронҳои шадид сабабгори омадани селҳои харобкор дар шаҳру навоҳии кишвар шуданд,

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз лағзиши барф ва афтиши шушаҳои ях аз бомҳои хонаҳо ҳушдор медиҳад!

Шабонарӯзи гузашта ҳаво дар саросари кишвар сарду боронӣ буд. Дар аксар манотиқ борони шадид ба барф мубаддал гашт. Боришот маъмулан кори нақлиётро дар роҳҳо мушкил мекунанд ва ҳамчунин барои одамон низ  мушкилоти зиёд меорад.

Барфи болои бомҳо вазнин аст ва агар боз ин барфи тар бошад, вазнинтар.  Масалан, дар бом бо масоҳати 100 метри мураббаъ, ки ғафсии қабати

Страницы