Қоидаҳои бехатарӣ

Ба бачаҳо қоидаҳои бехатарӣ меомӯзем

Муҳтарам корбарони сомона! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи Шумо филмҳои омӯзишии аниматсионӣ барои бачаҳоро пешкаш мекунад. Ин филмҳо барои дарки воқеъияти хатар ва риояи техникаи бехатарӣ бештар муфиданд. Ҳангоми баррасии осеб дидани бачаҳо мо борҳо ин суолро матраҳ кардаем, ки чаро беш аз дигарон маҳз кӯдакон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: ронандаҳо, эҳтиёт кунед!

Зарфи чанд рӯзи охир шумори садамаҳои нақлиётӣ афзуданд ва баъзеи ин садамаҳо муҷиби ҳалокати одамон ҳам шуданд. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъзе чораву тадбирҳои эҳтиётиро дар риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо барои дӯстдорони мошинронӣ ёдрас мекунад.

Тавсияҳои КҲФ: Дар ин ҳавои гардолуду пурчанг чӣ бояд кард?

Муддати чанд рӯзи охир ҳавои гардолуди то ҳадде тӯфонӣ кишварро фаро гирифтааст. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад дар чунин ҳолатҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама ба одамони гирифтори бемориҳои дил, зиққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.

Посух ба суоли Мадинаи Карим. Кашиши рагҳо дар об. Чӣ бояд кард?

Якуми августи соли равон дар сомонаи мо матлабе интишор ёфт бо номи “ОБУ ОББОЗӢ: ЧАРО ҚОИДАҲОИ ШИНОВАРИРО БОЯД ҲАТМАН ДОНИСТ?

Вақте ин матлаб дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор”-и Фейсбук бознашр шуд, хонанда Мадинаи Карим дар ҳошияи он навишт: “Дар ҳолати раги пой кашиш кардан чӣ бояд кард? Инро мегуфтанд...”

Страницы