Мулоқоти кормандони КҲФ бо коргарони корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон “Нуриҳои Осиё”
Чоп шуд: 12/07/2019 | redaktor
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коллективҳои меҳнатӣ пайваста вохӯриҳо мегузаронанд. Ин гуна дидору мулоқот аксар вақт дар шакли муколама доир мешавад. Шаҳрвандон ба ҳама суолҳои худ роҷеъ ба масъалаҳои амнияту бехатарӣ ва муқобилият бо офатҳои табииву ҳолатҳои фавқулода посух мегиранд.
Чунончӣ, 11-уми июли соли 2019 кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон бо кормандони корхонаи кимиё, ки дар Тоҷикистон калонтарин корхона дар тавлиди нуриҳои минералӣ ба шумор меравад, дарс гузарониданд.