Анҷоми тамрини “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон”

Рӯзҳои 3 - 4 июли соли 2019 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамринҳои саҳроӣ ва шабеҳасозӣ дар мавзуи “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон” баргузор намуд. Ҳадафи тамринҳо санҷиши сатҳи омодагии сохторҳои давлатӣ ва шарикони кумакрасон дар идораи ҳолатҳои фавқулода мутобиқ ба ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ буд.

Ин дуюмин тамрине буд, ки бо ширкати вазорату идораҳои масъул ба паноҳандагон, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалие чун Раёсати СММ дар умумри паноҳандагон, Барномаи Рушди СММ, ЮНИСЕФ, Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Кумитаи Салиби Сурхи Байналмилалӣ, Иттиҳодияи Аврупо ва САҲА гузашт.

Тамринҳои шабеҳасозӣ имкон доданд имкониятҳо ва сатҳи омодагиҳои ҳамаи сохторҳои дахлдор дар вокуниш ва ошкор намудани камбудиҳо ҷиҳати беҳбуди минбаъдаи ҳамоҳангсозиҳо, коммуникатсия ва идора санҷида шаванд.  

Тамрин 3 июл соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз ташкили Ситоди фаврӣ бо иштироки ҳамаи сарварони вазорату идораҳои дахлдор ва агентиҳои байналмилалӣ барои мувофиқа намудани Нақшаи амал оғоз гардид. Худи ҳамон рӯз дар қаламрави қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар дараи Қаратоғ татбиқи Нақшаи муштарак тамрин шуд.

Дар поёни омӯзишҳо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо изҳори ташаккур ба ҳамаи ширкаткунандагон гуфт: “Танҳо бо талошҳои муштарак ба мо муяссар мешавад, ки вазифаи аслии худ – ҳарчи зудтар расонидани кумак ба аҳолии ниёзмандро амалӣ созем. Зеро аз ҳаёти инсон арзишмандтар чизи дигаре нест”.

4 июл дар меҳмонхонаи “Сирена” натиҷаҳои ин тамринҳо ҷамъбаст гардиданд ва дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ба амалҳои муштарак ҳангоми омӯзишҳо баҳо дода шуданд.

барчасп: