августа 2022

Хабарҳои рӯзи якшанбе, 31-уми июл

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар чанд ҳодисаи омадни сел баъди боронҳои шадид ба қайд гирифта шуд. Ҷасади ду нафар ғарқшуда дар об пайдо шуд, кормандони КҲФ барои боз кардани дари хонаи шаҳрвандон кумак карданд ва дар бартараф намудани паёмадҳои як садамаи мошин ширкат намуданд.

Тибқи маълумоти  сардори  бахши Кумита дар  ноҳияи Тоҷикобод  рӯзи...

Марги соҳиби “Opel Astra”, ки ҳамагӣ 22 сол дошт

Ин фоҷеаи мудҳиш рӯи охири моҳи июл соати 07:31 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави шаҳраки Ҳисор рух дод. Мошини сабукрави тамғаи “Opel  Astra”, ки мутааллиқ ба як сокини 22-солаи деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти Алмосӣ буд, ба канали Ҳисор сарнагун шуд. Шоҳидон мегӯянд ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва аз роҳ бероҳа шуда, ба оби канал фурӯ рафт.

Ҷо Байден –президенти ИМА ба коронавирус гирифтор шудааст

Ахиран Кохи Сафед аз гирифтори КОВИД-19 шудани Ҷо Байден хабар дод. Аммо дар хабарҳо гуфта мешуд, ки ҳолаш хуб аст, ба саломатиаш чизе таҳдид намекунад. Манбаъҳои тиббии наздик ба Кохи Сафед ҳамзамон иттилоъ доданд, ки гирифтории сарвари Амрико бидуни нишона мегузарад.

Кевин Оконнор, духтур дар Кохи Сафед гуфтааст, ки...

Идомаи боронҳои селовар дар 9 вилояти Эрон

Созмони ҳавошиносии Эрон аз идомаи боронҳои пуршиддати селовар дар 9 вилояти ин кишвар хабар дод. Бино ба гузориши хабаргузории Тасним боронҳои мавсимӣ дар Эрон даҳҳо нафарро ба ҳалокат расонд. Хабаргузориҳои Эрон то кунун аз ҷон бохтани 61 нафар бар асари резиши боронҳои шадид ва селобҳои вайронгар дар ин кишвар хабар доданд.

Полковник Сайфуллозода: Ҳамеша кӯдаконро зери назорат дошта бошед!

Тобистони имсол бо гармии худ аз солҳои пеш фарқ мекунад. Мо алакай шоҳиди он будем, ки дар водиҳои кишвар дамои ҳаво то ба 53-55 дараҷа расид ва дар навоҳии кӯҳистону доманикӯҳӣ ҳарорат то 45 дараҷа гарм шуд. Пӯшида нест, ки ҳавои гарм сокинонро бештар ба соҳиди кӯлу дарёву обанборҳо ва каналҳо ҷалб мекунад ва ҳамарӯза ҳазорон нафар дар соҳилҳо истироҳат мекунанд.

Страницы