Activities calendar

22 феврали 2017

Ҳалокати як писарбачаи ноболиғ дар Сангвор бар асари лағзиши тарма

Бар асари лағзиши тарма дар рустои Роғи Дараи Калпи ноҳияи Сангвор як писарбачаи ноболиғ ба ҳалокат расидаву қурбонии дигаре ба қайд гирифта нашудааст. Гуруҳи корӣ бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, ки субҳи имрӯз ба маҳалли тармахези Сангвор рафта буд, баргашт. Дар ҳайати гуруҳи корӣ наҷотдиҳандагони

Аз бориши барфу лағзиши тарма ҳанӯз хатари ҳаракат дар роҳҳои муҳими кишвар бартараф нашудааст

Бориши бесобиқаи барф ва лағзиши тарма  роҳи мошинҳоро аз Душанбе ба самти Хуҷанд то ҳол баста нигоҳ медорад. Дар натиҷаи гузаронидани як силсила корҳо дар минтақаҳое, ки резиши санг ва лағзиши тарма муҷиби нобасомонӣ дар роҳҳо ва сабабгори қатъи ҳаракати мошинҳо шуда буд, роҳи Душанбе-Хоруғ тоза шуд ва корҳо дар самти Хоруғ-Мурғоб идома доранд.