Анҷоми дарсҳои омӯзишии амалӣ дар минтақаи Зарафшон

Фаъолиятҳои касбии наҷотдиҳандагон аз онҳо на танҳо донишҳои хуби касбӣ, малака ва маҳоратро талаб мекунад, балки нерӯмандӣ, пуртоқатӣ, фаврият, ҷасорату ҷаққонӣ, ҳамчунин қобилияти кориро низ талаб менамояд.
Бо дар назардошти ин барои воҳидҳои ҷустуҷӯиву наҷот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 31-уми июли соли 2016 дар куҳҳои Фони водии Зарафшон тамринҳои омӯзишӣ баргузор кард. 
Дар ҷараёни омӯзиш ширкаткунандагон омодагиҳои назариявиро гузаштанд, вежагиҳои табиати куҳии маҳал, тавсифномаи унсурҳои гуногуни таҷҳизоти куҳнавардӣ, тактикаи баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар шароити баландкуҳро аз худ карданд.
Ҳамчунин наҷотдиҳандагон донишҳои назариявӣ, шеваҳои эҳтиёт ва ҳаракат ба релйефи гуногуни куҳӣ, ҳамлу нақли ҷабрдидагони шартӣ бо ёрии воситаҳои кумаккунанда дар хамгашту нишебиҳо, аз тариқи рудхонаҳои куҳиро омӯхтанд.
Дар қисмати таҷрибавии дарсҳои омӯзишӣ боло шудан ба қуллаи Аловуддин, ки баландии он наздик ба 4000 метр аз сатҳи баҳр мебошад, дар назар дошта шуда буд. Ширкаткунандагони омӯзиш ҳамчунин зарфиятҳои кӯли Мутноро омӯхтанд.
Ҳамаи ин дарсҳо зери назорати кормандони Раёсати омодасозии наҷотдиҳандагони КҲФ баргузор шуд.

барчасп: