Рустам Назарзода ва Стефанов Фотиу ҳамкориҳои муштаракро баррасӣ карданд

Дар чаҳорчӯби кори Симпозиумибайналмилалиисатҳи баланд оид ба ҳадафишашумирушдиустувор – “Таъминидастрасииҳамагонӣ ба об вабеҳдошт” Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Назарзода бо ҳайати Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ (ЭСКАТО)бо сарварии директори  он ҷаноби Стефанос  Фотиу мулоқот кард.
Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои такмили ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табииро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин доир ба масоили ташкил ва баргузории Конфронсии вазоратии тарҳрезишуда дар охири соли 2016 изҳори назар намуданд.
Қарор аст ин Конфронс охири соли равон дар шаҳри Душанбе бо ширкати сарварони мақомоти давлатии ваколатдор дар самти пешгирӣ вабартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар Осиёи Марказӣ ва Қавқоз доир гардад.
Дар поёни мулоқот ҷаноби Фотиу ба муҳим будани талошҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ таъкид кард ва омодагии худро ба пуштибонӣ аз ташаббусҳо ва ҳамкориҳои минбаъда изҳор дошт.
Маврид ба ёдоварист, ки Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ  дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ (ЭСКАТО) соли 1947 дар Шонҳойи Чин ташкил шудааст ва ҳадафи он ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа мебошад.
Ин комиссия дар шаклҳои гуногун бо кишварҳо ҳамкорӣ мекунад ва кӯмакҳо мерасонад. Бахши муҳими ин ҳамкориҳоро мусоидат дар кори омодасозии кадрҳо ва омӯзишу бозомӯзии таҷрибаҳо, табодули маълумот мебошад. Тарҳҳоеро мавриди иҷро қарор медиҳад, ки ба беҳбуди сатҳи иқтисодиву иҷтимоӣ равона шудаанд.
Вай дорои се муассисаи омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ мебошад, ки ба масъалаҳои рушди кишварзӣ, омор ва ироаи технология машғуланд.