Наҷоти чор нафар дар рӯзҳои истироҳат

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳат боз чор нафар шаҳрвандони кишварро наҷот доданд.
Дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки бо суръати баланд дар ҳоли ҳаракат буд, чаппа шуд ва ба оби канали “Тоҷикистони Советӣ”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сарозер рафт. Дар вақти садама дар мошин 6 нафар менишастанд.
Кормандони наҷоти Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд бо андешидани чораҳои фавқулодда ва фаврӣ 4 нафари онҳо наҷот доданд. Вале ду мософири дигар бар асари ин ҳодисаи мудҳиш ба ҳалокат расиданд.
Кормандони КҲФ ҷасади онҳоро низ аз об берун оварда, ба мақомоти зидахл таслим карданд.
Гуфтанист, ки аз оғози соли 2016 кормандони Кумита 14 нафарро аз ғарқ шудан дар обҳо нафот доданд.

барчасп: