Сарвари кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Швейсария рафт

Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода сафари кории худ ба дафтари намояндагии СММ оид ба масъалаҳои кӯмакҳои башардӯстонаро оғоз крад. 
Дар доираи ин сафар қарор аст сарвари КҲФ бо роҳбарони дафтари намояндагии СММ оид ба масъалаҳои гуманитарӣ, бо ёвари Дабири кулли СММ оид ба шарикӣ барои кишвраҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, бо сарвари маъмурияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишварҳои аврупо ва осиёи Марказӣ, бо роҳбарони Созмонҳои байналмилалии мудофиаи гражданӣ, Агентии Швейсарии рушд ва ҳамкориҳо, бо Директори Раёсати ҳамоҳангсозиҳо дар масоили башардӯстонаи СММ дар Женев, роҳбарони шуъбаи Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангсозии корҳои саҳроӣ ва дигарон дидор ва гуфтугӯ кунад.
Да ин мулоқотҳо масъалаҳои коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти зарфиятҳои омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо ва дигар масъалаҳо баррасӣ хоҳанд шуд.