Оби ҷоришуда аз сарбанди “Баҳри тоҷик” ба маҷрои аввалааш баргардонда шуд. Бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ идома доранд

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои боди шадиде, ки сабаби аз соҳилҳои “Баҳри тоҷик” берун рехтани оби зиёд ва зери об мондани садҳо гектар замин шуда буд, идома дорад. Бино ба охирин иттило рӯзи 1-уми марти соли равон барои бартараф кардани хатари зери об мондани заминҳо 22 адад техникаи гуногун, аз ҷумла, 1 адад булдозери Т-170, 13 адад техникаи боркаши ЗИЛ, 6 адад КАМАЗ, 2 адад техникаи борбардори Volvo EW-150 ҷалб карда шуданд. Дар як муддати кутоҳ ба маҳалли офат зиёда аз 500 м3 сангу шағал ва сохтусози бетонӣ кашонида шуда, сарбанди он ба 1 метру 80 см баланд бардошта шуд.

Тавре пештар хабар дода будем, аз боди шадид рӯзи 27 феврали соли равон Баҳри Тоҷик ғайримунтазира ба лаппиши сахти мавҷ рӯбарӯ шуд. Ин ҳодисаи ногаҳонӣ боиси он гардид, ки сатҳи об бо болову поён шудан аз соҳил берун резад ва сабабгори он шавад, ки дар минтақаи Сайҳуни ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом майдони заминҳои зиёди бекорхобида зери об монанд.

Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи кории комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр сафарбар гардид.

Айни ҳол об ба маҷрои аввалааш баргаштааст ва корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома дорад.

Аксоҳое, ки мебинед, аз ҷараёни корҳои барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар мавзеъи ёдшуда мебошад.

барчасп: