Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. Ронанда ва мусофирон беосеб наҷот дода шуданд

Ин садама, ки метавонист қурбонӣ дошта бошад, бегоҳии рӯзи 6-уми март  дар километри 69 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод.  Ронандаи нақлиёти сабукрави тамғаи “Опел Астра” рақами қайди давлатиаш ТҶ 9025 МА 01, ки аз ҷониби   Аҳмадов Мухтор Раҳматуллоевичи 52-сола идора мешуд, аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва он ба девори бетонии нақб бархӯрд. Ин мошин аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд. Дар он ғайр аз ронанда боз 5 нафари дигар менишастанд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар километри 72-юми минтақаи Уштур шабонабарӯз навбатдорӣ мекунанд, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Онҳо ронанда ва мусофиронро аз дохили нақлиёт берун оварданд ва ба хобгоҳи минтақаи Уштур бурда, бо ҷои хоб ва хӯроки гарм таъмин намуданд.

Дар натиҷаи садама ягон нафари онҳо осеб надидааст.

барчасп: