Бист нафар афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба омўзиши забони инглисӣ ҷалб шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзиши дарсҳои инглисӣ барои кормандон оғоз шуданд. Ин омўзиш дар доираи такмили ихтисоси кормандон сурат мегирад.
Дар айни замон дарсҳо ҳафтае ду маротиба баргузор мешаванд ва ҳадаф боло бурдани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии кормандони Кумита мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барномаҳои зиёдеро дар мавриди ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати такмили зарфиятҳои муқобила бо офатҳои табиӣ, бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои зидахл амалӣ мекунад.
Табиист, ки дар ҷараёни кор донистани забони ҳамсуҳбатон ва шарикони татбиқи ин гуна барномаҳо пеш меояд. Ин аст, ки дар барномаҳои такмили ихтисоси кормамндони омўзиши забон низ пешбинӣ шудааст.
Дар айни замон 20 нафар кормандон ба омўзиш фаро гирифта шудаанд.