Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки аз 19 то 26-уми ноябрии соли равон дар қаламрави мамлакат якбора пас шудани ҳарорати ҳаво, боронҳои гузаранда ба барф интизор меравад.
Дар минтақаҳои куҳӣ эҳтимоли боридани барфи тар ва яхбандӣ вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ хатари гусастани хати алоқа ва интиқоли нерӯи барқ, расидани осеб ба аҳолӣ, ҳамчунин афзоиш ёфтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ ба миён меояд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ҳаракати бе зарурати  худро аз ҷойе ба макони дигар аз тариқи роҳҳои куҳӣ маҳдуд созанд. Аз кӯчаву гузаргоҳҳо бо эҳтиёт ҳаракат кунанд, ба хати интиқоли нерӯи барқ бештар диққат диҳанд.
Агар шумо дар ҷодае ва ё минтақае симҳои кандашудаи барқро мушоҳида кардед, пас хеле зуд ба маъмурияти нуқтаи аҳолинишин дар ин бора хабар диҳед.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад: бо таваҷҷуҳ ва бо эҳтиёт бошед!