Офатҳои табиии хоси Тоҷикистон. Ҷавоб ба номаи хонанда

Муҳтарам Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Рустам Назарзода!

Ман сокини шаҳри Душанбе ҳастам. Ростӣ пештар ҳам медонистам, ки мо кумитае дорем, ки барои наҷот додани мардум аз селу, заминҷунбиву боду борону тарма хизмат мекунад. Вале дар борааш ҳеҷ маълумот надоштам. Имруз аз Фейсбук дар бораи сафари Раиси Кумита ба Ҳиндустон хабар хонда, онро кушодам ва аз он сайти шумо кушода шуд. Бисёр чизо ёфта хондам. Дидам, ки ба Шумо муҳтарам савол дода, ҷавоб гирифтан мумкин будаст. Ман ҳам хостам як савол дода ҷовобаша гирам.
Марҳамат карда агар мумкин бошад гуед, ки дар шароити Тоҷикистони имруза кадом офату таҳдидҳои табиӣ хос мебошанд?

Бо эҳтиром,
Абдусалом Муҳиддинов,
Шаҳри Душанбе, омӯзгори химия

Муҳтарам Абдусалом Муҳиддинов!

Ташаккур барои ҳусни таваҷҷуҳатон ба фаъолиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Вобаста ба саволи Шумо оид ба хос  будани намудҳои офатҳои табиӣ ба шароити Тоҷикистон чунин иттилоъ пешниҳод мегардад:
Тоҷикистон дучори таҳдидҳои зерин мебошад:

а) Гидрологӣ ва метеорологӣ:

- сел;
- обхезӣ;

- хушксолӣ;
- хунукӣ ва сармо;
- бориши барф;
- бориши борон;
- жола;
- шамол;
- тарма;
- биёбоншавӣ;
- туман;
- баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ.

 б) Геологӣ:

- ярч;
- заминларза;
- сангрезӣ.
- фурўравии замин

 в) Биологӣ:

- эпидемия;
- эпизоотия;
- эпифитотия.

  г) Технологӣ:

- партовҳои саноатӣ;
- партовҳои биологии хатарнок;
- партовҳои ғайринақшавии моддаҳои кимиёвӣ (ба ҳаво, об, замин)
- садамаҳо дар иншооти гидротехникӣ (ки ба  сарбандҳо, саддҳои обӣ, низомҳои обёрӣ ва ғайра тааллуқ доранд);
- садамаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла вобаста ба  нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, ҳавоӣ ва обӣ;
- садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳамлу нақли борҳои хатарнок;
- фалокатҳои марбут ба газ, сўзишворӣ ва тафсидани қубурҳо;
- фалокатҳои марбут ба низомҳои таъмини  ҳаёт.

Қариб ҳамаи хатарҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик таҳдидкунанда, бо иқлим ва шароити обу ҳаво алоқаманд мебошанд. Боришот боиси тармаҳо, селҳо, обхезиҳо, бўронҳои шадиди зимистонӣ ва аксаран омили асосии ба вуқўъ пайвастани ярчҳо мегардад.

 

Дар давраи нуҳмоҳаи соли 2016 дар миқёси ҷумҳурӣ 55 ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки тақрибан 62 фоизи онҳоро (34 ҳодиса)  селҳо ташкил додаанд. Ҳамчунин 14,5 фоиз (8 ҳодиса) шамоли сахт, 7,3 фоиз (4 ҳодиса) ярч, 5,4 фоиз (3 ҳодиса) боришоти зиёд, раъду барқ ва жола, 5,4 фоиз (3 ҳодиса) сангрез, 3,6 фоиз (2 ҳолат) заминларза ва 1,8 фоиз (1 ҳолат) тарма мебошанд.

Мансубияти ҳудудии ҳолатҳои фавқулоддаи рухдода

Аз рўи мансубияти ҳудудии рўйдоди ҳолатҳои фавқулода мебояд қайд намуд, ки дар давраи нуҳмоҳаи соли равон тахминан 44 фоизи ҳодисаҳои рухдода ба қаламрави вилояти Суғд рост меоянд. Дар ин самт мавқеи дуюмро минтақаи Рашт ишғол намудааст, ки 25,4 дарсади ҳолатҳои фавқулодаи рухдода ба ин минтақа рост омадааст.
Ба ҳудуди минтақаи Ҳисор 12,7 фоиз, вилояти Хатлон 11 фоиз, ВМКБ, 3,6 фоиз ва шаҳри Душанбе 3,6 фоиз рўйдоди ҳолатҳои фавқулода рост омадааст.

барчасп: