Терроризм, амалҳои террористӣ ва фаъолияти ташкилоти террористӣ дар замони муосир таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ давлатҳои олам ба шумор меравад. Дар айни замон он яке аз таҳдидҳои пуриқтидор ва омили бесуботкунии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар тӯли солҳои охир бештар шудани шумораи созмонҳои террористӣ, зиёд гардидани амалҳои террористӣ, дар шакли нав зоҳир шудани фаъолияти террористӣ ва аз ҳама муҳим, ба омили бесуботгардонии ҷомеа табдил ёфтан он ба мушоҳида мерасад.
– Баъди воқеаҳои 11 сентябри соли 2001 (амалҳои террористӣ дар ИМА рухдода) терроризми байналмилалӣ аз ҷиҳони Созмони Милали Муттаҳид тавассути Қатъномаи №1 ыш арзёбӣ шуд. Аз ин лиҳоз, дар самти фаъолияти зиддитеррористӣ ва мубориза бо терроризм ҳам дар сатҳи миллӣ минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ тадбирҳо ёфт. Мутаассифона, ба ҳамон ифода нагирифтаанд ва терроризм на танҳо аз байни нарафта, балки миқёси фаъолияти он боз ҳам бештар гардид.
Аз замони таҳсибёбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иҷрои дало амалӣ зидди терроризмро дар пояи хусусияти стратегии он инобат гирифта, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи ташкилоти террористиро таҳия намуда, фаъолияти ҳар гуна созмони хатарнокро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон намуд. Чунин иқдом дар мамлакатҳои дигар низ анҷом дода шудааст.
Дар айни замон дар фазои маҷозии шабакаи интернет садҳо созмонҳои ифротгароё тундгаро барои ҷалби таваҷҷуҳи одамон ба таблиғу ташвиқи ғояҳои худ машғул гардида, бо усулҳои назарифирибии сиёсӣ ҷавононро мағзшӯӣ намуда истодаанд. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе ҷавонони ноогоҳ ба доми ин гуна созмонҳо афтода, аз ғояҳои онҳо пайравӣ менамоянд. Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, гуфтан мумкин аст, ки ҳар созмоне, ки дар сатҳи шӯрии ҷамъиятӣ фазои тарс ба вуҷуд овардан мехоҳад, метавона гуфт, ки аллакай ба фаъолияти террористӣ машғул гардидааст. Дар чунин шароит мо терроризми иттилоотиро мушоҳида менамоем. Яъне, амалӣшавии мақсадҳои террористӣ тавассути технологияи иттилоотӣ ҳоло ба воқеияти имрӯзӣ табдил ёфтааст.
Дар «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилоти байналмилалии экстремистӣ террористӣ, кушишҳои аз ҷониби ин ташкилот тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон таҳдиди воқеӣ ба суботи сиёсӣ мамлакат маърифи шудаанд.
Бо дарки ин воқеият ва бо мақсади ҳифзи суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ ҷавононро зеро зарур аст, ки бар доира объектҳои ноғуворӣ ва пайомад манфии амалиёд ками дошт бошанд, дастчамбона ба муқобили он андеша ва мубориза баранд. Зеро гурӯҳҳои ифротгаро ва ташкилотҳои террористӣ аз наҳн ҷавонон ҳамчун қувваи осебпазир баҳри татбиқи аъмоли нопоки худ сӯистифода мебаранд ва онҳо бештар ба наҳн ҷавонони камтаҷриба ва камдониш умед мебанданд. Созмонҳои террористӣ дар навбати худ барои пурра намудани сафҳои худ талош меварзанд. Ҷавонони ноогоҳ, баҳусус ашхоси таассубгаро объекти асосии ҳуҷумҳои экстремистӣ террористӣ қарор мегиранд.
Бинобар ин, яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва коҳиш додани таъсири манфии ин падида баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ҳуқуқии ҷавонон мебошад. Онҳо бояд донанд, ки бо кадом мақсад созмонҳои террористӣ ташкил шудаанд, дар хизмати кӣҳо қарор доранд, барои амалӣшавии мақсадҳои кадом субъекто истифода мешаванд ва ниҳоят бояд донанд, ки чаро онҳо суботи сиёсӣ ҷумҳурӣ азизи моро аз байн бурдан мехоҳанд. Муайян бояд кард, ки чунун амалҳои таҳрибӣ ба манфиати кист.
Аммо як чиз аён аст, ки ин гуна падидаҳо ҳеч гоҳ ба манфиати тоҷикон нест. Зеро тӯли ду даҳсолаи охир мо шоҳиди он гаштем, ки дар мамлакатҳои гуногуни олам хизбу ҳаракатҳои террористӣ чумаро ба чӣ ҳолат оварда расонидаанд.
Дар ҳар ҷое, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот, амният, оромӣ, ваҳдати миллӣ арзишме мебошад ки ояндаи дурахшони ҷумҳурӣ ва расидан ба ормонҳои миллӣ аз онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар сокини мамлакат, баҳусус ҷавонон бояд донанд, ки ҳифз намудани арзишҳои мазкур рисолати муқаддас ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.