Таътили бехатар дар истироҳатгоҳҳои бачагонаи дараи Варзоб

Кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе омодагӣ ва таъмини бехатарии атфол дар истироҳатгоҳҳои бачагонаи беҳдоштии “Орзу”, “Шарора”, “Зимчуруд” ва “Гулхан”-ро санҷиданд.

Таъмини бехтарии бачаҳо дар мавсими таътили тобистона яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Бо мақсади санҷиши ҷараёни омодагии лагерҳо барои қабули бачаҳо кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳҳои бачагонаи беҳдоштии “Орзу”, “Шарора”, “Зимчуруд” ва “Гулхан” санҷиш гузарониданд.
Вазъи атроф ва шароити ҳавзҳои оббозӣ, таҷҳизотҳои варзишии варзишгоҳҳо, ошхонаҳо, утоқҳои тиббӣ, маркази бехатарии сӯхторро аз назар гузарониданд.
Ғайр аз ин кормандони КҲФ масъулини ин лагерҳоро чораҳои бехатарӣ дар об ва амалҳо дар ҳаводиси хатарнок дар обро омӯзиш доданд.
Барои бартараф намудани комбудиҳои ошкоршуда кормандони Ситод ба роҳбарони истироҳатгоҳҳои бачагона дасттурҳои лозимро ироа доштанд.